Thursday, July 01, 2004

Azar Kiani

Ангушт макун ранча ба дар куфтани кас...

Хафтае кабл дар пайи интишори матлабе шурангез дар Адабиёт ва Санъат, ки хадафи муаллифи он рушан нест, тахкиру ихонат бар ойини зартушти дар сафахоти бархе аз нашрияхо фуру рехт. Дарвокеъ гароиши ифротомези нависандаи ин матлаб дар киболи ислом мунчар ба вокунишхои ифротомези бархе аз бовармандон шуд. Албатта дар ин шурангези зартуштият ва зартуштиён мукассир нестанд ва бо дарки ин нукта бархе аз нависандагон хам дар посуххои худ аслан аз ин ойин ном набурдаанд, ки сазовори тахсин аст. Вале хамзамон зиёдаравии бархе дигар аз вокунишкунандагон мояи таасуф аст. Дар ин замина навиштаи Хочи Махмудчони Турачонзодаро мехонем, ки гуфта:

«...аклу хиради моро аз занчири тафаккури зиддимантикии дуалисти – духудои, оташпарасти, хурофотпарасти ва офтобпарасти озод кард ва ба чои он чахонбинии тавхиди ва яктопарасти ба армугон овард... аммо чохилияти мо мардуми эронзамин... гирифтори ширк дар холикият низ буд».

Инчониб бо хондани ин суханони чахломез натавонистам аз ироаи чанд нукта пархез кунам. Зеро навиштахои ин шахс на танхо омезае аз тахрифоти кухан дар бораи дини зартуштист, балки тахкир хам хаст. Нахуст, ба назари ман тафаккури дуалисти ба хеч вачх зиддимантики нест, тазоду танокуз як амри рузмарра ва табиъист. Дигар ин ки дини зуртушти дине нест, ки духудоиро омузиш медихад. Ин андешаи галат ноши аз чахл ва тахрифоти кухани мухолифони ин ойин аст. Зартушт ба санавият ё дугонагии офаридгор бовар надорад, балки дугонагиро танхо дар ахлоки одами, яъне дар андеша, гуфтор ва кирдори инсонхо дармеёбад, ки ин нуктаро хеч ахаде то кунун такзиб накарда:

«Аз огоз ду маниши хуб ва бад (спенто-маиню ва ангро-маиню ё ахриман) дар андеша, гуфтор ва кирдор падид оянд. Аз ин ду, накурой равиши дурустро бармегузинад, на бадрой» (Готхо, 3.3).

Яъне ин дугонаги аз назари Зартушт танхо дар андеша, гуфтор ва кирдори инсонхо вучуд дорад ва на берун аз он. Ба андешаи ман, ислом ва хар дини дигаре низ бар ин асл бовар дорад. Яъне берун аз мухити ахлокии инсон хеч гуна некию бади, ростию дуруг вучуд надорад. Албатта ривоёти бозмонда аз Эрони кадим неку бадро дар табиат хам чустучу мекунанд, вале ин равиши фикри танхо вижаи мардумони эрони набуда, балки хамаи аквоми чахон аз ин равиш пайрави мекарданд. Чунончи хануз хам авом селу раъду барку вайрониву тахрибро ноши аз бади ва шукуфоиву бахор ва хосили хубро ноши аз неки медонанд, ки ин бо омузишхои Зартушт хеч иртиботе надорад. Ва ривоёти эронии кадимро низ наметавон ба унвони мадрак аз чахонбинии зартушти пазируфт. Чунончи «Куръон», суннат ва аходис мадорики асли барои фахмиши ислом хастанд, хамин тур танхо «Готхо», яъне он бахше аз «Авесто», ки андеша ва афкори Зартуштро мерасонад, мадраки зартуштият аст ва харчи берун аз «Готхо» ва чанд замимаи он дар «Авесто» хаст, ба зартуштият иртибот надорад.

Гохо бештари уламо ба галат Ахура Маздо ва Ахриманро ду худои ба хам зид каламдод мекунанд, ки ин нишонаи чахли эшон аст. Зеро дар «Готхо» мафхуми «ахриман», ки шакли тагйиркардаи «ангромину» аст, аввалан худо нест ва сониан ба унвони «маниш ё равиши фикрии бад» на дар мукобили Ахура Маздо (худованди чону хирад), балки дар баробари «спентомину» (маниши нек) карор дорад. Дар харду калимаи «спентомину» ва «ангромину» вожаи «мину» бо «маниш» ё «равиши фикри» ва ё хатто «маъни» муродиф аст. Дар адабиёти пахлави ва исломи мафхуми «спентомину» (маниши нек) фаромуш шуд ва «ахриман» дар мукобили Ахура Маздо карор гирифт. Хамин тур бархе аз уламои ноогах хануз гумон мекунанд, ки Ахура Маздо ва ахриман ду худои некиву бади хастанд, вале имруз бо ошкор шудани ростихо ин тахрифот дигар эътибори худро аз даст додааст.

Дигар ин ки Зартуштият оташпасрати нест, «оташпарасти» аз калиша (стереотип) ва ихонатхои кухан аст, ки ба ин дин илхок кардаанд. Дуруст аст ки зартуштиён дар баробари оташ ва ё нур намоз мегузоранд, вале агар аз хамин зовия бинигарем, мебинем, ки масехиён дар мукобили пайкараи Масех ва мусалмонон ба чониби каъба ва хачаруласвад (санги сиёх) намоз мебаранд. Мусалмонон каъбаро хонаи худо медонанд ва албатта ин рамз аст, зеро худо дарвокеъ ниёз ба хона надорад, ба хамин тартиб оташ ва нур хам дар назди зартуштиён рамзе аз вахдати вучуд аст. Зеро оташ дар батни тамоми аносир вучуд дорад ва хамора ба ин ё он сурате зохир мешавад. Масалан хар гох ду сангро ба хам зананд, оташ худро зохир мекунад. Хатто дар батни об хам, ки зохиран бо оташ дар тазод аст, навъе оташ вучуд дорад ва раъду барк дарвокеъ оташест, ки дар хастии об маъво дорад. Гузашта аз ин, нур ва нор дар назди мусалмонон хам дорои эхтироми вижа мебошад.

Бадин тартиб чунончи нависандаи мусалмон ба рамузи дини худ бовар дорад, пас бояд бипазирад, ки адёни дигар хам рамузи худро доранд. Дигар ин ки чахонбинии тавхиди ва ё яктопарасти дар Эрон танхо армугони ислом ва арабхо нест, балки кабл аз он вучуд дошт. Эрониён ин навъи чахонбиниро аз кабл дарёфт кардаанд. Торихнигорони юнони мегуянд, ки эрониён бар мардуми бобули ва юнони, ки дар назди пайкарахои худоёни худ ибодат мекарданд, механдиданд. «Готхо» саршор аз ниёиш ва пурсишхое дар баробари офаридгори ягона аст:

«Бо таъзим ва дастони барафрошта бар ту намоз мебарам, эй Офаридгор?» (Готхо: 1.1)....

Нависандаи матлаб меафзояд: «... андешаи Худои шохдор ва болдор, ришу муйлабдор, асобадаст, чомабардушу чингиламуй ва дорои точи кунгурадорро табдил кард ба андешаи Худои бартар аз хиёлу киёсу гумону вахм....»

Инчо нависанда дуруст акси «хваренах» ё «фарраи каёни»-ро бо Ахура Маздо даромехтааст. Ин иштибохи у реша дар навиштаи бархе аз уламои чохил дорад. Мутаасифона дар як китоби тозанашри Юсуфшохи Якубшох, торихшиноси точик низ дар зери накши «хваренах» номи Ахура Маздо навишта шудааст, ки галате бас фохиш аст ва ноогахии муаллифро нишон медихад. Дарвокеъ он накши «болдору ришу муйлабдор» ё «хваренах» (аз решаи «хвар»-хур-офтоб) нишони салтанати аст, ки кабл аз эрониён хатто дар миёни мисрихову ошурихо ва бобулихо ба ашколи дигар вучуд дошта ва назди эрониён ба шакли феълии худ даромадааст. Он накш маънии «фарраи каёни» ё «шукухи салтанати»-ро дорад. Бархе аз зартуштиён низ онро ба иштибох «фравахар» мегуянд, ки гуё тимсоли мовароуттабиъии инсон аст ва (чун олами мисоли Афлотун) човидона вучуд дорад. Вале «фравахар» дарвокеъ маънии баргузиниши диниро мерасонад, ки на бо «хваренах» (ё фарраи каёни) ва на бо «олами мисол» иртиботе надорад. Дарвокеъ он накши «марди ришу муйлабдор» рамзи шаханшохе аст ва он доирае, ки дар дасти уст, маънии «фармон» ё «салтанат»-ро дорад. То имруз накшхое аз Куруш ва Дориюш дар Тахти Чамшед бар бозувони худ чунин «бол» доранд. Накши «хваренах» низ дар инчо хамеша бар болои сари шохон накш ёфтааст. Ин рамз нишонаи хувияти шохони эрони буда ва бо дини Зартушт иртиботе надорад.

«...низоми табакотии Эрони он рузро, ки решаи бисёр кухан дошт ва тибки назари Авесто бар ду рукни асоси –Хун ва Моликият коим буд...дархам рехт.»

Аввалан «Авесто» китоби динии зартуштиён нест ва ба унвони мадраки дини зартушти хидмат намекунад, китоби динии зартуштиён танхо «Готхо» ва чанд замимаи он аст, ки дар яке аз кисматхои «Авесто» шомил аст. «Авесто» дарвокеъ комус ё энсиклупедие аст, ки дар замони Сосониён таълиф шуда ва ривоёту донишхои эрониёнро дар беш аз ду хазор сол фарохам кардааст. Он ховии эътикодоту бовархои мухталифи эрониву ориёи аст, ки на хамаи он ба зартуштият иртибот доранд. Аз ин миёна танхо «Готхо» ва чанд замимаи он марбут ба зартуштият аст. Вале боз хам бо ин хама тахрибу тахрифу тагйир «Авесто» ба хеч вачх бар ду рукни Хун ва Моликият такия намекунад, ин ихонат аст. Ба воруни ин, дар даврони исломи мебинем, ки гурухе ба номи «саййид» ва «эшон» ва гайра ба далели иртиботи хуни бо паёмбари ислом бар дигарон имтиёз доранд. Хатто кавоиде хам хаст, ки бар мабнои он масалан эшонхову турахо барои пок нигах доштани «пушти» худ бо мардуми оми издивоч намекарданд, ки ин ба кастаи хиндиён шабохат дорад.

«Аммо Авесто хайати чомеаро бар чахор табака таксим кардааст,... ин кисматбандии Авесто тавонгаронро амалан дар табакаи болои чомеа карор дода оммаи мардумро махкуми хукми онхо месохт. Вайрон кардани усули табакоти ва тачовуз ба харими он дар эрони кадим гайри мумкин буд. Чунонки хеч барзгаре наметавонист пешавар шавад.... аммо подшахони онхо ..мартабаи фавки башари доштанд. Чиноятхои содиркардаи онхо аз дидгохи дини зардушти гунох хисоб намешуд.»

Аввалан дар зартуштият гуноху савоб нест. Ончи гунох номида мешавад, маънии чиноятро дорад (шояд вожаи «чиноят» муарраби форсии «гунох» бошад), ки ин ноши аз кавонине аст, ки давлат вазъ мекунад. Зартуштият як чизе ба номи шариат ё конун надорад ва зартуштиён кавонинеро, ки давлатхо ва миллатхо барои худ вазъ кардаанд, муроот мекунанд. Дарвокеъ хар шахриёре, ки дар Эрони бостони ба кудрат мерасид, кавонини тозаи худро вазъ мекард ва хатто эрониён пас аз даргузашти шохон таквим ва солшуморихои худро аз рузи ба тахт нишастани шохи чадид огоз мекарданд. Аз ин ру агар кавонине «номатлуб» дар ахди сосони ва ё замони дигаре вучуд дошта, пас ин кавонини шохони сосони ё дигаре будааст, на кавонини дини зартушти.

Мафхуми «чиноят» хам, ки нависанда дар ин чо истифода мекунад, бемаврид аст, зеро як амал он гох чиноят махсуб мешавад, ки дар конуни ин ё он кишвар ба унвони «чиноят» мушаххас шуда бошад ва ин танхо дар хамон кишвар эътибор дорад. Агар ин амал тибки конуни ин кишвар чун «чиноят» мушаххас нашуда бошад, пас ин амал барои он кишвар чиноят махсуб намешавад. Хамин тур маълум нест, ки зери ибораи «чиноятхои содиркардаи онхо (яъне шохони эрони)» нависанда чиро дар назар дорад. Агар эшон он аъмолеро, ки дар шариати исломи ба унвони «чиноят» мушаххас мешавад, дар назар дошта бошад, пас иштибох мекунад, зеро дар он замон шариат ё конуни исломи набуд ва ин конун ва хар конуни дигаре танхо аз рузи пиёда шуданаш касби эътибор мекунад ва барои замони кабл аз худ эътибор надорад. Бад-ин тартиб агар эшон аъмоли шохони эрониро бар мабнои кавонини имрузии Точикистон «чиноят» эълом кунад, боз хам иштибох аст, зеро кавонини кунунии Точикистон барои имруз ва фардо (агар лагв ё ислох нашавад) ба кор баста мешавад ва наметавонад чигари таърихро дарида ба акаб равад.

Аз назари диншиноси, бар хилофи ислом ва дигар адён зартуштият конун нест, кавонин надорад ва даъвои конун будан хам намекунад. Ин ойини «бикуну накун» нест. Зартуштият бар асли озодии интихоб такия мекунад ва мантикан, хар гуна конун, ки амре вочиб ва ичтинобнопазир аст, бо ин асл мухолиф аст. Конун кори давлат аст, на дин ва чун зартуштият бар ягонагии дину давлат таъкид надорад, секюлорисм бехтарин равиши сиёсат бар мабнои чахонбинии зартушти талаки мешавад. Агар чунин набуд, худи Зартушт ба назди шох Виштосп намерафт ва андешахои худро бо у дар миён намегузошт, балки мисли паёмбарони бани исроил даст ба мухолифат мезад ва худ иддаъои подшохи мекард. Бар хилофи кутуби бани исроил, ки «осмони» ва «конун» каламдод мешаванд, «Готхо»-и Зартушт конун нест, балки дарвокеъ китобе бадеъи аст, ки аз осмон наёмада, балки хосили диду бардошти инсоне заминист ва вокеиятхои заминиро дар худ гунчондааст.

Дигар ин ки табакоти чахоргона, ки муаллиф ном мебарад, ба дини Зартушт иртиботе надоранд. Аслан дар ривоёти ориёии кадим, чи миёни хиндиёну эрониён ва чи назди мардуми юнониву урупои ва хатто назди мисриёну бобулиёни кадим аз се кишри аслии созандаи чомеа ном бурда мешавад, ки ин манзарае аз дониши чомеашиносии кадимро ба даст медихад. Холо хам чомеаи инсони аз се кишри асли яъне интеллигенсия (андешаварон), давлат ва низом (амният ва дифоъ) ва тавлиду иктисод (хусуси) иборат аст. Ривоёти ориёи хокист, ки ин кишрбандиро, ки «варна» номида мешавад, гуё Чамшед рох андохтааст, ва мегуянд ин равиш дар он замон багоят муассир ва муваффак буда ва пояи тамаддуни башариро гузоштааст, зеро кисмате аз мардум бояд ба истехсол мепардохтанд, кисмати дигар дар хифзи миллат мекушиданд ва гурухе масруфи илмомузи буданд. Ин равишро Афлотун ва Арасту хам тавсиф кардаанд ва хатто гояи «хукумати файласуфон», ки Афлотун пеш нихода, бо брахманисми кадимаи хинди мушобех аст. Вале чунончи аз Ведохо бармеяод, дар миёни ориёихо чунин набуда, ки масалан насли пешавар наметавониста ба кишри дигар ворид шавад. Варна дарвокеъ ба каста шабохат надорад ва бештар ба синф ё категорияи ичтимоъи наздик аст, ки гузаштан аз як «варна» ба дигаре мушкиле надоштааст. Уламо бар ин назаранд, ки табакабандии кастаи хинди, ки ба изофаи се кишри ориёии кадим аз акшори мутанаввеъ ва мухталифи дигари буми мураккаб шудааст, ноши аз вучуди чавомеъ, аквом ва нажоду фархангхои мухталиф аст, ки дар замонхои баъди дар мухити Хинд ба вучуд омадааст. Харчанд дар бархе аз кутуби эрони гохо аз ин бахшхои ичтимоъ ном бурда мешавад, вале онхо хеч як бар хамдигар бартари ва ё имтиёз надоранд ва варосат хам дар инчо мушохида намешавад. Дар Готхо аз хеч гуна кишр сухане дар миён нест, яъне Зартушт бо ин гуна кисматбанди алокаманд набуд, вале танхо дар бахши Фраварти, ки ба забоне наздик ба Готхо навишта шудааст, барои нахустин бор аз се кишри чомеа ба ин тартиб ёд мешавад: 1-востря-фшуянт ё шахрвандон, 2-ратаештор ё артишторон ва 3-атраван ё рухониён, ки дар ин миёна касе бар касе бартари надорад. Дар ин чо ва дар бахшхои баъдии Авесто таъкид мешавад, ки аъзои ин се кишр ба таври мусови ва дар хамбастаги ниру ва истехкоми дини Маздаясноро ташкил медиханд. Дарвокеъ вакте зартуштиён оташи мукаддаси худро дар оташкадахояшон мустакар месозанд, ин оташ аз бахам овардани шуълахое аз оташдонхои хонахои хамаи пешаварон – охангар, нонпаз, дехкон, кишоварз, шох, гадо, меъмор, шубон ва гайра (беш аз 40 пеша) ташкил мешавад ва ин дуруст маънии хамоиш ва ягонаги ва мартабаи баробар доштани хамаи ин пешаваронро бозгу мекунад. Вакте хам ки зартуштиён мемиранд, мурдаи хамаи онхо чи шоху чи гадо ба хамон як дахма тахвил мешавад. Ин мутафовит бо равиши мусалмонону масехиён аст, ки пас аз марг сарватмандон дар болои кабри наздикони худ макбарахои пуршахомат месозанд ва тихидастон аз сохтани ин гуна макбарахо очиз мемонанд ва хамин тур нобаробарии мардум хатто пас аз марг хам ошкор мешавад. Ба ин тартиб ин нукта, ки «Авесто» тавонгаронро бар нотавонон хоким месозад, тахрифи таърихи Эрон аст, зеро бештари торихшиносон бар ин назаранд, ки дар Эрон нобаробари вучуд надошт ва хатто шохони эрони бо фармонхое вижа гуломдориро манъ кардаанд. Эъломияи Куруши бузург ва навиштахои торихнигорони юнониву чухуд ва хатто мусалмон далели ин гуфтахост.

Дар ин чост, ки нависанда ба ифрот мерасад: «...ки режими зиддимардуми ва истеъдодкуши муъбадонро...аз байн бурд»

Мубадон (ва на «муъбадон», ки адами огохии нависандаро нишон медихад) хич гуна режими зиддимардуми ва истеъдодкуш надоштанд. Ин гуна режим дар Эрон кабл аз ислом вучуд надошт, ба воруни ин дармеёбем, ки бештари истеъдодхои бузурги эрони назири Ибни Сино, Фирдаси, Рудаки, Носири Хусрав, Тирмизи, Низомулмулк, Ибни Мукаффаъ ва дигару дигарон дар ахди исломи ё ба катл расидаанд, ё фирори шудаанд, ё хамеша дарбадару саргардон будаанд.

Дар поён бо истифода аз хамон равиши окои Турачонзода чанд андарзро ба эшон ироа медорам. Худи у менависад, ки барои ошнои бо «Куръон» чанд шарт ва мукаддимае зарур аст: ошнои бо забони араби, ошнои бо таърихи ислом, ошнои ба оятхои носиху мансух, ва ошнои бо аходис…

Ман дар ин суханон эроде надорам, вале ба андешаи ман, бехтар буд агар эшон бар хамин чанд шарти худ содик бимонад. Яъне барои довари дар ойини зартушти низ ошнои бо забони авестои ва форсии кадиму пахлави, ошнои бо таърихи сехазорсолаи дини зартушти, ошнои бо кисматхои «носих ва мансухи» комуси «Авесто» ва ошнои бо паёми аслии Зартушт, ки дар «Готхо» баён шуда, зарур аст. Зеро ойини зартушти низ дар тули таърих ба тахдиду нобуди ва тахрифу инхироф дучор шуда ва пайравонаш хам борхо катли ом (геносид) шудаанд, вале боз хам тавонистаанд шуълаи фурузони ин ойинро аз бодхои мухолиф нигах доранд.

Муаллиф менависад, ки «.. хеч нафар аз зиёиёни мо хак надоранд руи Куръон казоват кунанд... зеро онон аз улуми Куръони ва чахонбинии исломи маълумоти дурусте надоранд».

Ба хамин равиш (вале ба лахни мусбати зуртушти) бояд гуфт, ки танхо он афроде хаки казоват дар Авесто ва зартуштиятро доранд, ки бо улуми марбут ба таърих, забоншиноси ва чахонбинии зартушти ошнои дошта бошанд.

Ба ин тартиб, боиста аст агар хар касе хубихои худро танхо бо хубихои худ нишон дихад ва бар зиштихои дигарон ангушт нагузорад. Зартуштиён то имруз аз ин равиш бахра мегиранд ва бар адёни дигар тахкир раво намедоранд. Дар нихоят, бехтар буд агар аз равобити мутакобила ва таъсири хамдигарии адён гуфта шавад, на аз тахрифи хамдигари. Зартуштият ва ислом бар хилофи ончи то кунун дар зехнхо хаст, беш аз хар дину ойини дигаре вучухи ба хам муштарак доранд.

No comments: