Thursday, July 01, 2004

Шиносномаи Забони Порси ва хувияти чаълии он дар Точикистон

Озар Каёни

Акнун гуфтугуи забон пас аз чанд соли сукут дар ин мавзуъ дубора бар сари забонхост. Дар холе, ки бархе аз сохибназарон вазъи ичрои конуни забони форси дар Точикистонро нигаронкунанда мехонанд, гурухе дигар бар инанд, ки забони ба истилох «точики» дар чанд соли ахир аз мачрои пешрафти худ дур шуда ва дар сояи забони «форси» карор гирифтааст. Ин идда касонеанд, ки забони «точики»-ро як забони мустакил бар сари худ ва чудо аз форси медонанд. Ончи дар ин матлаб матрах аст мачмуъе аз эродхои инчониб ба хамин гурух аст.

Торихи забони форси ё порси

Забони форси яке аз кухантарин ва густардатарин забонхои эронист, ки холо беш аз 50 милюн нафар бад-он сухан мекунанд. Аз нигохи решашиноси он ба хонаводаи бузурги забонхои хинду-урупои, тираи хинду-эрони, шохаи эрони, эронии гарби ва хамин тур эронии чануб-гарби шомил мешавад. Таърихи забони форси ба се мархилаи такомул, яъне давраи бостони, миёна ва нав таксим мешавад. Кадимтарин осоре, ки ба забони форси дастрас аст, сангнабиштахои шохони хахоманиши, бахусус набиштахои шох Дориюши Бузург дар кухи Бистун дар чанубу гарбии Эрони имрузи аст, ки дар чанд садаи ахир эхё ва бозхони шудааст. Ин сангнабиштахо ва осори дигари бостони, ки дар манотики мухталифи Эрон ва Ирок бозёфта шудаанд, мархилаи бостонии такомули забони форсиро бозгу мекунанд, ки забони хамаи ин осор дар мачмуъ «забони форсии бостон» номида шудааст. Хамин тур забони форси дар баробари забонхои эломи ва ороми аз забонхои умдаи расми дар имперотурии хахоманишиён махсуб мешуд. Дарвокеъ ёфтахои бостоншиноси нишон медихад, ки шохони хахоманиши хеч гох дар садади тахмил кардани забони худ бар зердастони анэронии (гайри-эрони) худ набуданд ва чун як салтанати чахониро дар даст доштанд, ба ин далел хар кавму миллате, ки дар каламрави ин имперотури ба сар мебурд, хакки комил бар забони худ дошт. Ва се забони порси, ороми ва эломи, ки дарвокеъ аз се хонаводаи мухталиф хастанд, ба унвони забонхои расми дар дастгохи давлати хахоманиши корбурд мешуданд. Ба ин тартиб миллату кавмхои мухталифе дар як сарзамини пахновари Эрони ахди хахоманиши дар канори хам ба оромиш мезистанд, то замоне, ки пояхои ин имперотури ба дасти юнониён барчида шуд ва ин навдавлатон дигар натавонистанд ин имперотурии бузургро, ки осон ба ирс гирифтанд, идора кунанд ва он дар муддати кутохе пора-пора шуд.
Мархилаи дуввум дар таърихи забони форси замони хукумати Сосониён аст, ки худуди чахорсад сол орому устувор буд, то ин ки тамаддун ва фарханги он ба дасти тозиён тахриб шуд. Албатта забони порсии ахди Сосониён, ки адабиёти бештаре аз он бачо мондааст, гохо ба иштибох «забони пахлави» хонда мешавад, вале забони пахлави дарвокеъ забони ахди Ашкониён ё худ забони порти аст, ки харчанд бисёр наздик аст, вале аз забони порси чудост ва он ба гурухи забонхои шимолу гарбии эрони шомил мешавад. Дар холе, ки порси (форси) шомили гурухи чанубу гарби аст.
Дар ин ки худи эрониён дар замони хахоманишиён ва сосониён забони худро порси («паарсиг» –яъне «порсиг» яъне «порси») меномиданд, тардиде нест. Дар набиштахои шох Дориюш у худро сарехан аз нажоди (миллати) эрони ва аз кавми порси медонад. Ва забони набиштахои худро (дар канори ороми ва эломи) забони порси хондааст. Албатта дар он замон забонхои дигари эрони хам назири сугди, бохтари, сакои ва диг. роич буданд, вале забоне, ки дар он замон дар минтакаи Форс дар Эрони имрузи бад-он сухан мекарданд, аз даврахои хеле бостони забони порси (форси) ном дошт. Аз инчо рушан аст, ки бар хилофи бархе аз фархангиёни точик, ки бо таъассуб кушиш мекунанд, хостгохи забони форсиро ба рустои зодгохи худ ва хамин тур ба Хуросону Вароруд нисбат бидиханд, хакикати таърихи бад-он далолат мекунад, ки хостгохи ин забон минтакаи чанубу гарбии Эрони имрузи аст. Албатта дар ин нукта хам тардиде нест, ки порсихо ва модхо, ду кавми гарбии эрони дар мархилае кадимтар худ аз шарки Эрон ба гарб куч кардаанд, вале ин далел намешавад, бигуем ки онхо забонхои порсиву модиро бо худ ба гарб бурдаанд, зеро кабл аз замони хахоманишиён дар шарки Эрон ё худ Хуросону Вароруд хеч нишоне аз ин ду забони гарби дар даст нест. Дар шарк дар марохили гуногуни таърихи забонхои шаркии-эрони назири сугди, бохтари, хоразми, сагзи ва диг. роич будаанд. Порсиву моди ба унвони ду забони мустакил танхо дар гарби Эрон ва танхо пас аз мустакар шудани эрониён (ориёнхо) дар он сарзаминхо шакл гирифта ва роич шудаанд.

Пас забони порси кай ба шарк кучид?

Ин пурсишест, ки фархангиёни точик ба он камтар таваччух кардаанд ва бештар аз пайи худхохи ва гароизи махалгароёна, хатто бо овардани далелу бурхон аз Саид Нафиси ва дигару дигар донишмандони эрони, ки бо лутфу фурутани точиконро дилхуш сохтаанд, харчи талош кардаанд хостгохи забони форсиро ба махалли худ нисбат бидиханд. Вале омузишхои таърихиву забоншиносии инхо аз замони Рудакиву Хайём пештар намеравад ва дониши онхо чи дар тарихнигори ва чи дар забону адабиёт танхо ба мархилаи саввуми такомули забони порси, яъне даврони исломи махдуд аст. Дарвокеъ бархе аз «рушанфикрони» точик таърихи давлатдори ва фалсафаи сиёсии «точикон»-ро низ аз замони Сомониён огоз мекунанд ва зохиран ба харчи кабл аз он буда, хати бутлон мекашанд, дар холе, ки бар асоси кавонини сиёси ва диплумотик давлати Сомониён ба хеч вачх давлате мустакил махсуб намешавад, зеро он хирочгузор ва тобеъи салтанати Аббосиён буд. Албатта накши Сомониёнро дар густариши забон ва адабиёти порси дар шарки Эрон, яъне Вароруд ва Хуросон наметавон нодида гирифт, чунончи ба накши чумхурии Точикистон низ дар хайати Шурави дар хифз ва нигахдории забони форсии Вароруд бояд арзиш гузошт. Албатта бештари таърихшиносон бар инанд, ки забони порси ба шарки Эрон пас аз хамлаи тозиён куч кард. Зеро бисёре аз эрониёни гарби, ки бими нобудии фархангияшон мерафт, ба шарк фирор карданд ва дар миёни сугдиёну бохтариён нуфуз ёфтанд. Иддае мегуянд ин забонро эрониёни мусалмоне, ки дар хайати лашкари тозиён ба шарк харакат мекарданд, бо худ ба Вароруд оварданд. Вале мадорики тоза нишон медихад, забони порси хеле пештар аз тохтани тозиён ба Эрон дар бисёре аз шахрхои Вароруд низ, ки он замон шомили «кусти хуросон» (бахши шаркии Эроншахр - чунончи Сосониён ба кишвари худ чунин мегуфтанд) мешуд, роич будааст. Ба ин далел ки бештари манотики Вароруд дар он замон гохо берун ва бештари авкот шомили каламрави Эроншахр буд ва хеч мумкин набуд, ки ин мардум забони дари ё давлатии кишвари худро наёмузанд. Хамин далел дар замони Хахоманишиён низ сидк мекунад ва таъсиру нуфузи порсии кадим дар забонхои шаркии эрони низ барои хар забоншиносе бармалост. Афзун бар ин миллият ва дину фарханги муштарак аз авомили муассире будааст, ки хамаи аквоми шаркию гарбии эрониро хамора дар хамгирои ва иттиход дар он замон нигох доштааст. Ин буд, ки шарки Эрон дар баробари мазхаб ва фарханги тозиён бештар муковимат карда ва чонгирии дубора ва густариши забон ва адабиёти порси низ пас аз хамлаи араб танхо дар шарки Эрон реша гирифта ва ба чунбише фарогир табдил шуд. Ба ин тартиб забони порсии нав дигар хамон забони порсии миёна набуд ва ба мархилаи тозае расид. Ин мархилае аст, ки забони порси аз гуишхо ва забонхои шаркии эрони, бахусус сугдию бохтари таъсир пазируфт ва рафта-рафта дубора ба забони муоширати умумиэрони табдил шуд. Гуишхое аз забони порсии миёна он замон дар гарби Эрон низ роич буд, ки аз гуиши тозазухури форсии нав фарк дошт ва бархе аз ин гуишхо имруз низ дар шуморе аз навохии Эрони кунуни роич аст. Аз чумлаи ин гуишхо гуиши бахтиёри ва забони мавсум ба «дари» аст, ки зартуштиёни эрони хануз бад-он сухан мекунанд. Вале забони порсии нав ё худ «форси» (ки вожае муъарраб аст), баъдхо дар тули карнхои мутамоди шумори зиёде аз калимоти араби ва хатто туркиро бар худ пазируфт ва забоне, ки имруз точикону эрониён ва афгонхо се номи «форси», «дари» ва «точики» ба он додаанд, дарвокеъ хамон як забон аст ва хамон як забони порси аст, ки дар мархилаи саввуми такомули худ карор дорад. Ин забон албатта дар даврахои мухталиф ба хутути мухталиф навишта мешуд, чунончи адабиёти бозмонда аз ахди хахоманиши ба хати мехи аст, ва дар замони Сосониён он гуё ба чанд хат навишта мешуд, ва дар беш аз хазор соли ахир ба хати араби нигошта мешавад, ки бо хутути замони сосони аз хамон як реша (ороми) аст. Танхо дар камтар аз сад соли ахир дар Эрони шарки ё худ Вароруд (аз чумла дар Точикистон) хати лотини ва сириллик барои навиштори ин забон пазируфта шуд. Дар Эрони кунуни низ дар сад соли ахир иддае хостаанд хати лотинро истифода кунанд, вале ин кушиши онхо натоиче надодааст.

Оё забоне ба номи «точики» вучуд дорад

Истилохи «забони точики» бисёр чадид аст ва харчанд тарафдоронаш барои исботи он талошхои зиёде ба харч медиханд, хамоно онро чуз навъе такаллуб ва ё чаъли сиёси наметавон шинохт. Ончи дар Афгонистон ба он «забони дари» гуфта мешавад, низ хамин сарнавиштро дорад ва ин номгузори низ беш аз як гарази сиёси набудааст.
Бештари осори бозмонда аз огози ахди Шурави баёнгари ин аст, ки нухбагони фарханг ва сиёсати Вароруд истилохи «точики»-ро танхо аз бими эронситезон ва ба хотири дарёфти машруъият ё хакки зист барои забони форси дар каламрави Шурави чаъл кардаанд. Далоили бисёре вучуд дорад, ки аз нажодгароии ифроти ё нозисм, бадбини ва ситез дар баробари эрониёни Вароруд ва хатто кушишхои генотсид ё катли оми фархангии ин мардум дар огози ахди Шурави ва хатто дар даврахои баъди хикоят мекунанд. Махрум доштани порсигуёни Узбакистон аз хакки фарханги ва хакки ифтихор ба хуввияти онон дар чунин замони пешрафти тамаддуни инсони дар карни 21, ки хамачо аз демукроси ва худсолори (self determination) чор мезананд, далели рушани ин гуфтахост.
Албатта дар ин гирудорхо накзи хувияти эронии мардуми форсизабони Вароруд ва аз миён бурдани ин хувият ба хар нахви мумкин аз ахдофи гуруххои вижа ва тавонманде дар дастгохи шурави будааст. Нухбагони порсигу рохе барои начоти ин кавм чуз ин надоштаанд, ки аз хувияти умуми-эронии худ даст бикашанд ва ба хар василаи мумкин хувияте чудогона барои худ бисозанд, чи ин хувияти чудогона бехтар метавонист барои хифзи худ масунияте пайдо кунад, аз ин ки худро дар муковимате нобаробар поймоли ормонхо ва хувиятхои тахмилии душманони эронзамин кунанд ва дар нихоят аз ин кавм ному нишоне намонад. Чунин чорачуихо дар торихи мардумони эрони банав набуда ва чунончи барои ин ки ин мардум бисёре аз мероси фарханги ва таърихии худро дар Тахти Чамшед ва дигар шахрхои Эрон дар баробари тозиён ва вайронию вондолисми онхо нигах доранд, ин мавозеъро ба номхое соми ва мусалмони иваз карданд ва кудсияти исломи бад-онхо бахшиданд, назири макбараи Куруш, ки то чанде аз ин пеш «кабри модари Сулаймон» хонда мешуд.
Чунончи бархе аз нухбагони сиёсию фархангии ахди огози Шурави низ ишора мекунанд, таъсиси чумхурии Точикистон худ танхо дар пайи пайкорхои хамвора ва пойдори онон муяссар шуда ва дарвокеъ пирузие чашмгир дар баробари он хама нокомихо дар он замон метавонист бошад. Гуфтугуи кухане аз Бобочон Гафуров бо Сируси Алинажод, як хабарнигори эрони, ки батозаги дубора интишор ёфт, бар хилофи эронситезоне, ки бо такияи дуругин ба забони ба истилох «Айни ва Гафуров» забони точикиро мехоханд забоне мустакил ва чудо аз форси чилва диханд, собит месозад, ки ин ду пешоханги дониш ва фарханги Точикистон дарвокеъ ин «ду забон»-ро яке медонистаанд. Албатта бояд гуфт «точики» хондани забони форси дар каламрави Шурави дар он даврон кобили тавчех аст, вале акнун, ки миллати Точикистон сарнавишти худро озодона ба дасти худ ракам мезанад, фархехтагони ин кишварро лозим аст харчи сареътар дар бозсозии хувияти забони хеш кушанд ва номи асили ин забонро, ки чуз «Порси» (форси) нест, дубора эхё кунанд.
Бар хилофи душманони фарханги эрони, ки то кунун муваффак шудаанд забони порсиро ба се шоха кисмат кунанд, бояд ин иштибохро бар асоси мантик ва хакикат ислох намуд. Зеро ин забон дар хич як аз осори таърихи бо номи «забони точики» ёд нашудааст. Касоне ки бо такия ба навиштаи чанд нигорандаи турк ва ховаршиноси рус, ки аз ду карн дуртар намеравад, мекушанд ба истилохи галати «забони точики» машруъият бахшанд, дар иштибохе бунёди гирифторанд. Зеро навиштахои туркону русхо хеле чадид ва мачхулу омиёна ва ба ин далел галат аст. Аз суи дигар, онхое, ки бо такия ба як рубоъии Саъди мехоханд, кидмати калимаи «точик»-ро собит кунанд, боз хам иштибох аст, зеро номи як кавм ё кабиларо наметавон ба унвони меъёр барои ном ниходан ба як забон баргузид. Вожаи «порси» (ё форси) барои ин забон бамаротиб номе кадимтар аст ва дастикам аз 2500 сол пеш мардумони мухталифе чун мисриёну бобулиён, юнониёну румиён, яхудиёну тозиён, хиндиёну туркон онро бо чунин ном мешинохтанд. Имруз низ дар хамаи кишвархои чахон аз он ба унвони «Persian» (яъне порси-форси) ном бурда мешавад. Дар холе, ки истифодаи вожаи «точик» дар мавриди порсигуёни Вароруд худ дарвокеъ галат аст ва хамин тур истилохи «забони точики»-ро низ бояд зери суол бурд. Зеро бар хилофи касоне, ки мекушанд ин вожаро бо вожаи «точ» ба хам биёранд ва бад-он маънии «точвару точдор» бидиханд, далоили забоншиноси хокист, ки калимаи «точик» хеч иртиботе ба «точ» надорад ва маънии аслии он «тозиг-тожиг», яъне араб аст.
Яке дигар аз иштибохоте, ки ин гурух дар он гирифторанд, мантик аст ва онхо гохе талош мекунанд хувияти сиёсии давлатро бо забони он яке каламдод кунанд. Мушкили онон дар заминаи мантик инчост, ки мегуянд вакте кишваре ба номи «Точикистон» вучуд дорад, пас бояд «забони точики» хам вучуд дошта бошад. Бе он ки бипазиранд, ки масалан кишвархое ба номи Амрико ё Устролиё хаст, вале забонхое ба номи «амрикои» ё «устролиёи» вучуд надорад ва ин ду кишвар бидуни бим номи забони худро инглиси мехонанд. Чиро ки номи забони онхо дарвокеъ «инглиси» аст ва хеч гох кушиш хам накардаанд, ки ба забони худ номе дигар бидиханд. Ва ё чандин кишвари Амрикои лотини ба хамон як забони испониёи харф мезананд ва хар кишвар барои забони худ номе чудогона чустучу накардааст. Ё чандин кишвари араби ба хамон як забон харф мезананд ва масалан номи забони худро чун номхои кишвархои худ «ироки», «мисри», «урдуни», «фаластини» ва гайра нагуфтаанд. Пас чаро рахгумзадагони мо аз бурдани номи дурусти забонашон, яъне «порси» ё «форси» пархез мекунанд? Чунончи ба игвои кадом як бехувияти нохалафе номи ин забон, ки лоакал дар конуни асоси дар камонак (форси) навишта мешуд, аз ончо низ хазф карда шудааст.
Инхо намефахманд, ки забон ва кавм ва давлат макулахое чудогона ва комилан аз хам мутафорвит хастанд. Кавм нишонгари навъи инсон аст ва як падидаи женетики аст, вале забон як падидаи хозмони ё ичтимоъи аст. Агар як точик дар Жопун таваллуд ва бузург шавад, албатта забони у жопуни хохад буд ва ба хеч вачх забони точикиро нахохад донист, то замоне ки кушиши омухтани он накунад, дар холе ки чехраи зохирии у шояд сад дарсад «точики» бошад.
Дар адабиёти клосики низ бузургони шеър ва фалсафаи Эрон хамачо аз ин забон ба номи «Порси» ном бурдаанд. Чунончи Фирдавси ва Хофиз, аз бузургтарин шоирони порсигу навиштаанд:
Басе ранч бурдам бад-ин сол си
Ачам зинда кардам бад-ин порси
Ва
Шаккаршикан шаванд хама тутиёни Хинд
З-ин канди порси, ки ба Бангола меравад.

Албатта хамин ду далел кофист, ки мо аз истифодаи номи «забони точики» даст кашем ва бо пайрави аз ин ду фарзона номи дурусти «порси»-ро барои забони худ баргузинем. Дар гайри ин сурат, даст ба сина задану ифтихор кардан ба номи ин фарзонагон маъни надорад ва албатта машруъияти ин ки мо меросбари осори онхо хастем ё хайр зери суол карор хохад гирифт. Албатта истифодаи вожаи асили «порси» барои номи ин забон бехтар аст, зеро вожаи «форси» низ шакли арабишудаи ин калима аст ва ба хеч вачх зарур нест забони худро тобеъи гуиши бегона кард.

1 comment:

Anonymous said...

"Tājik" is a word of Turko-Mongol origin and means (literally) Non-Turk.